АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

Корманди Филиали Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар вилояти Хатлон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" ғолиби ҷойи 3-ум гардид

22.05.2025

Ҳамасола дар саросари кишвар тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқи ва риёзӣ ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» доир мегардад, ки дар он истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати худро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Бо ин мақсад санаи 19 майи соли 2025 дар шаҳри Бохтар бо иштироки аъзои ҳайати комиссияи озмун ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ даври (дуюм) шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур Сулаймон Ғаффорзода – ходими илмии Филиали Агентии  амнияти химиявӣ,биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ дар вилояти Хатлон сазовори ҷои 3-ум гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. 

Дар чорабинӣ масъулин аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати хонандагон ва имкониятҳои фароҳамгардида ибрози назар намуданд. 

Аҳли кормандони Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ Сулаймон Ғаффорзодаро ба муносибати ғолибият дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" табрику муборакбод намуда, ҷиҳати иштирокаш  дар даври вилоятӣ барору комёбӣ таманно менамоянд.